Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН БО 9,5 КГ ЧАРСИ АФҒОНӢ ДАР БОДКАНД

Кормандони милисаи вилояти Бодканди Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Жаштиқи вилояти Бодканд дар роҳи асосие, ки аз марз бо Тоҷикистон мегузарад, шаҳрванди Тоҷикистон З.З.-ро ҳангоми интиқол ва фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир дастгир кардаанд.Бино ба иттилои ВКД Қирғизистон, ҳангоми кофтукоб аз З.З. чанд бастаи скотчпечи шабеҳи ҳашиш ёфта гирифта шуд. Ташхис нишон дод, ки дар ин бастаҳо 9 килою 521 грамм ҳашиш, ки бо номи чарси афғонӣ маъруф аст, будааст.З.З. ҳоло дар тавқифгоҳи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лайлак қарор дорад. Нисбат ба вай бар асоси моддаи 267 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button