МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

САБАБИ ҶАНҶОЛИ ДУ ЗОДАИ ВОРУХ ДАР БОЗОРИ САМАРА АЗ НИГОҲИ ТАРАФИ ДИГАР

Баъди нашри видеои ҷанҷоли ду тоҷири тоҷик дар бозори Самара, ки дар он назари Тафсириддин Тухтамишов, як тарафи он моҷаро сабт шуда буд, Меҳроҷ Қодиров, тарафи дигари ин моҷаро низ бо идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар тамос шуд ва гуфт, асли ҳодиса на ба гунаест, ки Тафсириддин тасвир ва “тафсир” мекунад.Ба гуфтаи Меҳроҷ Қодиров, Тафсириддин Тухтамишов пеш аз онки мустақилона тиҷорати худро ба роҳ монад, ду сол дар мағоза ӯ ба ҳайси фурӯшанда кор мекард. Ӯ нусхаҳои ду забонхати дар варақҳои дафтару блокнот навиштаи Тафсириддин Тухтамишовро ва як видеои “разбор”-ашон бо ӯро дар ҳузури писарамакаш дар ихтиёри “Бомдод” гузошт. Дар яке аз ин забонхатҳо аз 23 июли соли 2018 Тухтамишов ваъда медиҳад, ки 55 ҳазор рублро то 25 сентябри соли 2019 оварда медиҳад. Дар забонхати дигар, ки ягон таърихи рӯз надорад, ӯ менависад, ки 550 ҳазор рубл қарздор аст ва “ман умада, кор карда, метиям.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button