ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ МУАЛЛИФИ “ФАЛСАФАИ ИСМОИЛИЯ” ПРОФЕССОР ХАЁЛБЕК ДОДИХУДОЕВ

Хаёлбек Додихудоев, доктори илми фалсафа (1990), профессор (1990), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997), аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) рӯзи 25 октябр дар синни 85 аз олам чашм пӯшид. Хаёлбек Додихудоев 9 майи соли 1936 дар Хоруғ ба дунё омада, соли 1960 риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, беш аз 60 сол машғули таҳқиқоти илмӣ буд.Самтҳои асосии фаъолияти илмии профессор Додихудоев таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ буд. Дар тӯли солҳои фаъолияташ Хаёлбек Додихудоев дар мақомҳои мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1974-1992), Директор – ташкилотчӣ (1991-1996), и.в. директори (1996-2000) Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҶТ, ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии ба номи М.Назаршоеви Хоруғ (1995-1998), мудири шӯъбаи онтология ва гносеология (2001-2009) кор карда, аз соли 2009 то дами маргаш сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.“Фалсафаи Исмоилия” ва “Фалсафаи исёнҳои мардуми деҳқон” аз ҷумла муҳимтарин корҳои илмиест, ки аз Хаёлбек Додихудоев ба ёдгор мондааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button