ТОҶИКИСТОН

ШАРҲИ РАСМИИ ВКД: БОЗОРИ “БАРАКАТ” БАРОИ ЧӢ ОТАШ ГИРИФТ? (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон сӯхтори шоми 21 октябр дар масолеҳии сохтмонии “Баракат” дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро расман шарҳ дод. Бино ба гуфтаи ВКД, шоми 21 октябр, соати 20:00, дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои «Баракат»-и ҶДММ «Агрофут» сӯхтор ба амал омад. “Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро оташ фаро гирифта буд.Сӯхтори мазкур бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасони зери соябонҳо аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.ВКД мегӯяд, феълан аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта, зарар ва сабаби сухтор муайян карда мешавад.Қаблан гузориш дода шуд, ки дар бозори “Баракат”, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар канори шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом ҷойгир шудааст, даҳҳо дӯкон ба коми оташ рафтааст. Дар видеое, ки нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки чӣ гуна забонаи оташ даҳҳо дӯконро ба коми худ мекашад.Бозори “Баракат” соли 2018 низ дучори сӯхтор шуда буд ва он вақт иллаташро чун ҳамеша “расиши кӯтоҳи ноқилҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор” гуфта буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button