ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ХУШ ОМАДЕД! ХУШ КЕЛИБСИЗ! МАСКАВ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИЮ ӮЗБЕКИРО ЁД МЕГИРАД

Алакай дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскав — “Лесопарковая” ва “Прокшино”, ки муҳоҷирон асосан аз ҳаминҷо барои таҳияи ҳуҷҷатҳояшон ба Маркази муҳоҷирони Сахарово мераванд, эълонҳо ва роҳнамоҳо дар баробари забони русӣ, ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ ҳам пайдо шудаанд ва маъмурияти метрои Маскав бори аввал эълон кард, ки дар истгоҳи “Лесопарковая” нафареро ҳамчун нозиру хазинадор (контролер-кассир) ба кор мегирад, ки забони тоҷикӣ ё ӯзбекиро бидонад. Ҳамин тавр, Маркази Сахарово ҳам эълонҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ акнун дар баробари русӣ ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ нашр мекунад.Қаблан чандин бонку ширкатҳои мобил ва интернетрасон дар шаҳрҳои Русия, асосан дар Маскав барои ҷалби муштарии бештар аз байни муҳоҷирон эълонҳои худро ба забонҳои барои муҳоҷирон ошно нашр мекарданд ва ҳатто кормандонеро ба кор мегирифтанд, ки ба забонҳои мардуми муҳоҷир, аз ҷумла ба тоҷикию ӯбекӣ балад бошанд.Ин навовариҳо баёнгари он аст, ки зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба диаспораҳои бузургтарин дар байни миллионҳо муҳоҷире, ки аз кишварҳои мухталиф ба пойтахти Русия меоянд, табдил ёфтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button