ТОҶИКИСТОН

Ҳамлаи хирс ба ду сокини Ванҷ

Дар пайи ҳамлаи хирс дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ду кас захмӣ шудаанд. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки ҳодиса 19-уми октябр дар ҷангали деҳаи Ғумаст рӯй дод.

Ба гуфтаи манбаъ, субҳи он рӯз хирс ба сокинони 14 ва 48-солаи деҳаи Вишхарв, ки ба ҷамъоварии ҳезум машғул буданд, ҳамла карда, сахт захмӣ намудааст. Яке аз шикам ва дигаре аз сараш ҷароҳат бардоштааcт. Ҳардуро дар бемористон хобондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар фасли тирамоҳ аз ҳамлаи хирсҳо эҳтиёт кунанд. “Зеро дар ин мавсим хирсҳо фаъол мешаванд ва метавонанд, барои захираи зимистон ба маҳалли зисти сокинон наздик шаванд”, — гуфтанд дар Кумита.

Ҳамлаи хирсҳо ба сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон дар гузашта низ ба мушоҳида расидааст.

Ҷонварони ваҳшӣ, хусусан гургу шағолон, чанд дафъа ба сокинон дар Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон ҳамла карда, дар баъзе маврид боис ба марги онҳо гаштаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button