ТОҶИКИСТОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ПОЛИКЛИНИКАИ №4 ЧӢ ГУЗАШТ? МАҚОМОТ МЕГӮЯНД: АЙБИ ХУДИ ШАҲРВАНД БУД

Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзи 21 октябр ба матлабу видеои нашршуда дар Интернет дар бораи ҷанҷол дар поликлиникаи №4 шаҳри Хуҷанд вокуниш карда, навиштааст, асли воқеа тавре нест, ки Алиева Моҳ Шарифа тасвир кардааст. Алиева Моҳ Шарифа навишта буд, ки зи 14 октябр кӯдаки якунимсолаашро барои муоина пеши духтур бурда буд, вале дар онҷо ҳадафи бадрафторӣ ва латтукӯб қарор гирифт. Вале Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд менависад, ки “аз тарафи шаҳрванд ба коркунони тиб суханҳои қабеҳ ва ниҳоят паст, ки дар ҳақи зан гуфта намешавад баён карда мешавад. Дар ин ҳолат аз тарафи ёрдамчии духтур Одинаева Ф. таъкид карда мешавад, ки инҳо аз синну сол аз мо калон, муошират ва муносибати дуруст намоед. Шаҳрванд бошад баъди ин суханҳо яку якбора хеста фарзандашро ба замин гузошта аз мўи сари ҳамшира Одинаева Ф. қапида якчанд маротиба ба девор мезанад. Ҳангоми баланд шудани овоз аз дигар утоқи корӣ ҳамшираҳо огоҳ шуда барои ҷудо намудан дахолат мекунанд. Дар ин ҳолат ҳамшира ҷароҳат бардошта бехуд шуд, барои он, ки ӯ ҳомиладор будааст. Баъд аз ҷудо кардани ин муноқиша шаҳрванд дарк намуд, ки рафтораш тамоман нодуруст ва ҳамшира дар ҳолати беҳолӣ қарор дорад дарҳол телефонашро гирифта ва барои худро муҳофизат намудан ба наворгирӣ даромадааст.”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button