Хабарҳои кӯтоҳ

Талаби 22 000 сомонӣ барои озодӣ аз хизмати ҳарбӣ: боздошти мақомдори Комиссариати Хатлон

Як мақомдори Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Дустов Раҷабали корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар вазифаи сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон кор карда, даст ба қаллобӣ задааст.»Дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст», — афзудааст манбаъ.Оҷонси гуфтааст, ки дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дустов Р.Ҷ. баъди бевосита талаб карда гирифтани маблаѓи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22000 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Дустов Раҷабали Ҷумахонович парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ирсол карда шуд.Дар сурати тасдиқи иттиҳом боздоштшударо ҷарима ба андозаи аз 54700 то 87600 ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button