Сиёсат

Дар Душанбе роҳкирои нақлиёти мусофиркаш қимат мешавад

Дар Душанбе роҳкирои нақлиёти мусофиркаш қимат мешавад Аз 10 ноябр раҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе қимат мешавад, хабар доданд ба “АзияғПлюс” аз ҳукумати шаҳри Душанбе.♦️Чунин қарорро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо муроҷиати Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” қабул кардааст.🚌 Ҳамин тариқ, ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши шаҳри Душанбе аз 10 ноябр барои як мусофир тавассути автобусҳо 1,80 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2,5 сомони бо пули нақд, 🚎троллейбусҳо 1,50 сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (бо корт) ва 2 сомонӣ ба таври нақдӣ, 🚐микроавтобусҳо 2,50 сомонӣ ва як километр роҳ тавассути 🚖таксиҳо 3,00 сомонӣ муқаррар гардидааст.Хабар такмил мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button