МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боз як суперхидматрасонӣ барои муҳоҷирон дар портали хидматрасониҳои давлатии Русия

Ҳукумати Русия ният дорад, ки аз соли оянда имконоти суперхидматрасониҳои аллакай мавҷударо дар портали хидматрасониҳои давлатӣ васеъ намуда, инчунин боз се хидматрасониии нав роҳандозӣ намояд, хабар додааст ба ТАСС муовини раиси ҳукумати Русия Дмитрий Чернишенко.

Яке аз хидматрасониҳо – “Муҳоҷирати корӣ онлайн” барои муҳоҷирон пешбинӣ гардида, он ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки ҷойи корӣ пайдо намоянд.

Ба гуфтаи Чернишенко, илова бар ин, тариқи ин хидматрасонӣ баргузории суҳбат ва имзои шартномаи меҳнатӣ низ имконпазир мегардад.

“Роҳандозии ҳуҷҷатгузории кадрии электронӣ байни кормандон ва корфармо, инчунин маҷмӯи хидматрасониҳои электронӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар суперхидматрасонии “Муносибатҳои меҳнатӣ – онлайн” ба нақша гирифта шудааст”, — иброз доштааст вай.

Дар назар аст, ки хидматрасониҳои мазкур аллакай аз соли оянда роҳандозӣ шаванд.

Ҳамчунин дар соли 2022 ҳукумати Русия ният дорад, ки дар портал хидматрасониҳои давлатии “Боркашонӣ ва мусофиркашонии бе коғаз” (борномаҳои нақлиётии электронӣ, роҳхатҳои электронӣ, иҷозатномаи махсус барои боркашонӣ) ва “Сохтмони рақамӣ” (дастрасӣ ба маҷмӯи хидматрасонӣ аз омодагӣ ба сохтмон то ба истифода додани иншооти сохтмони асосӣ)-ро роҳандозӣ намояд.

Муовини сарвазир илова намудааст, ки соли оянда ҳукумат дар назар дорад, ки қариб 100% макатабҳои олии давлатиро ба суперхидматрасонии «Дохилшавӣ ба мактаби олӣ — онлайн» насб кунад, ки барои гузаштан ба истифодаи дафтарчаи санҷишии электронӣ ва дафтарчаи донишҷуии электронӣ имкон медиҳад.

“Тағйирот ба суперхидматрасонии “Солимии ман – онлайн” низ дахл хоҳад дошт, ки ба қайд гузоштанро ба сифати шахси суғурташуда дар низоми Суғуртаи тиббии ҳатмӣ, интихоби муасиисаи тиббӣ барои суғурта ва шомил гардидан ба муассисаи тиббӣ тариқи онлайнро дар бар мегирад”, — афзудааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки давоми солҳои 2020-2021 дар портали хидматрасониҳои давлатии Русия 13 суперхидматрасонӣ роҳандозӣ шуд, аз ҷумла “Дохилшавӣ ба мактаби олӣ – онлайн”, “Адолати судӣ – онлайн”, “Таваллуди кӯдак”, “Солимии ман – онлайн” ва ғайра.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button