ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Ҳазорон афғонистонӣ мехоҳанд вориди Тоҷикистон шаванд: изҳороти Ятимов — видео

Раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ҳамарӯза 500-600 нафар саъй мекунанд, ки аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шаванд

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, ҳамарӯза садҳо афғонистонӣ талош мекунад, ки марзи давлатӣ бо Тоҷикистонро убур кунанд.Ӯ ин нуктаро ҳангоми иштирокаш дар 17-умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ, ки бо ҳузури президенти Русия Владимир Путин идома дорад, изҳор дошт.

«Хусусан дар ду моҳи охир мо мавҷи бузурге аз фирориёнро, ки мехоҳанд аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд, мушоҳида мекунем. Шумораи паноҳандагон аллакай аз 15 ҳазор нафар гузаштааст», — гуфт ӯ.Ба гуфтаи Ятимов, ҳар рӯз аз 500 то 600 нафар бо убур аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ин тарафи Ому биёянд.

Ҳамзамон ӯ қайд мекунад, ки дар ин муддат қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, муҳимоти ҷангӣ аз давлати ҳамсоя афзоиш ёфтааст.Ятимов: вазъ дар Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунадСардори Кумита гуфт, бо таваҷҷуҳ ба вазъи мавҷуд дар Афғонистон нерӯҳои марзбонӣ ва амнятии Тоҷикистон бояд дар ҳоли омодабош қарор дошта бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button