АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Ятимов: вазъ дар Афғонистон ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки вазъ дар Афғонистони ҳамсоя на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ИДМ таҳдид мекунад.ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки вазъ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистон, балки ба тамоми фазои пасошӯравӣ таҳдид мекунад.Вай ин нуктаро ҳангоми иштирокаш дар 17 -умин нишасти сарони хадамоти амниятӣ ва истихборотии кишварҳои узви Иттиҳод изҳор дошт.

«Мо бовар дорем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, ки барои тамоми Иттиҳоди Шӯравии пешин, бахусус минтақаҳое, ки аҳолии мусулмон доранд».Ба гуфтаи Ятимов, «талошҳои мушаххас» вуҷуд дорад, ки дини исломро ҳамчун ноором сохтани вазъи минтақа истифода барад.Ёдовар мешавем, ки дар Маскав ҷаласаи хадамоти махсуси Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Туркманистон баргузор шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button