АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳо

Макрон: “Фаронса ва Тоҷикистон дар робита ба Афғонистон мавқеи муштарак доранд”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дирӯз дар Париж ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар робита ба вазъи амниятии Осиёи Миёна ва Афғонистон гуфтугӯ мекунанд.

Макрон ба хабарнигорон гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон як марзи муштараки тӯлонӣ дорад ва мо дар робита ба ин кишвар мавқеи муштарак дорем.

Раиси ҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди кӯмаке, ки Фаронса метавонад ба ин кишвар барои беҳтаршавии вазъ дар Афғонистон бикунанд, сӯҳбат хоҳад кард.

Макрон афзуд: «Набояд бо гурӯҳҳои террористӣ ва арзишҳои, ки мо аз онҳо дифоъ мекунем, ба вижа эҳтиром ба ҳуқуқи занон, созиш бишавад».

Тоҷикистон ва Фаронса аз кишварҳоеанд, ки мавқеашонро дар робита ба ҳукумати тозатаъсиси гурӯҳи терористии Толибон рӯшан баён кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button