МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Сабукӣ дар сабти иқомати донишҷӯёни хориҷии Русия: РВПО роҳандозӣ мегардад

Дар Русия қарор шудааст, ки тартиби ҳузури донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таълимӣ дар ин кишварро тағйир диҳанд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия тағйиротеро дар бораи сабти иқомати донишҷӯёни хориҷиро таҳия кардааст.Санад дар ин бора дар пойгоҳи федералии лоиҳаҳои меъёрию ҳуқуқӣ нашр шудааст.Бар асоси лоиҳаи нави ВКД, барои муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои Русия низоми нави ҳуқуқӣ роҳандозӣ мешавад, ки иҷозатномаи иқомати муваққатӣ барои таҳсил (РВПО — мухаффафи русӣ) мебошад.Чунин тартиб имкон медиҳад, ки қайди муҳоҷиратии донишҷӯён зимни хуруҷашон аз кишвар дар давоми таҳсил бекор нагардад.

Таъкид шудааст, донишҷӯи хориҷие, ки РВПО дорад, соҳиби мақоми истиқоматкунандаи муваққатӣ мебошад.Тавзеҳ дода шудааст, ин тағйир ба муҳассилини муассисаҳое рабт дорад, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд. Гуфта мешавад, чунин раванди сабти иқомати муҳассилини хориҷӣ ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои ниҳодҳои масъули мақомоти умури дохилӣ роҳаттар аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button