МУҲОҶИРОН

18 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ОСЕТИЯИ ҶАНУБӢ БЕРУН ОВАРДА, БА ВАТАН ФИРИСТОДААНД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки бо мусоидати хадомти консулии ин сафорат рӯзи 11 октябр 18 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал, маркази ҷумҳурии эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ дармонда буданд, аз ин минтақа берун оварда, ба Ватан фиристодаанд. Бино ба иттилои пойгоҳи “Бомдод”, муҳоҷирони тоҷики дар Осетияи ҷанубӣ дармондаро ба шаҳри Налчик оварда, аз фурудгоҳи ин шаҳр ба Тоҷикистон фиристодаанд.Рӯзи 29 майи соли ҷорӣ низ 10 муҳоҷири тоҷики дар Осетияи ҷанубӣ дармондаро бо кумаки кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия берун оварда, аз тариқи фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button