КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КОРМАНДИ СУДИ ОЛӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Як корманди Суди олии Тоҷикистон ба гирифтани пора дар чанд маврид ба маблағи дар умум беш аз 850 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин, собиқ сармутахассиси шуъбаи назорати судии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба манфиати онҳо ҳал намудани чанд қазия аз шаҳрвандон дар умум 64 ҳазору 500 доллар ва 210 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.Парвандаи Сафарзода баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ супурда шудааст. Ба вай бар асоси қисми чоруми моддаи 247 барои қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург аз 8 то 12 соли зиндон ва 5 соли маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад. Вале ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро низ пешбинӣ мекунад.Вале рӯшан нест, ки чаро як парвандаи порагирии рӯирости як корманди судро ҳамчун қаллобӣ ҷамъубаст кардаанд?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button