МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ХАБАРИ МУҲИМ! РУСИЯ 150 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА 150 ҲАЗОР ӮЗБЕКРО АФВ КАРД

Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов хабар дод, ки мақомоти Русия 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва 150 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мешуданд, афв кардаанд.Ӯ гуфт, ба ин афв дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва мураккаб ноил шуданд ва ВКД Русия ҳанӯз рӯзи 18 август номи аксари муҳоҷирони афвшударо аз рӯйхатти сиёҳаш берун кардааст.“Вале агар қарори берун кардани шуморо бо ҳукми додгоҳ бароварда бошанд, мутаассифона, бояд бигӯям, ки шумо шомили ин афв намешавед. Танҳо онҳое мавриди афв қарор мегиранд, ки қарори берун кардани онҳоро ВКД Русия бароварда бошад. Дар чунин сурат шумо метавонед ба мақомоти пулис расман дархост бидиҳед ваё тавассути сомонаи ВКД Русия тафтиш кунед, ки оё номи шумо ҳам дар рӯйхатти сиёҳ ҳаст ё не?” – хабар дод Вадим Коженов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button