ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ АНГУРУ РЕГ ВА БЛОКҲОИ БЕТОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН

Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани мавридҳои нави қочоқи маҳсулот дар марзи Тоҷикистон бо вилояти Бодканд Лайлак хабар дод.Аз ҷумла марзбонҳои қирғиз рӯзи 11 октябр дар мавзеи Добои ноҳияи Бодканд як мошини Hyundai-Porter таҳти идораи С.А.-ро боздошт кардаанд. Ронандаи ин мошин аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба таври қочоқӣ 1 тоннаю 650 кило ангур мебурд.Худи ҳамон рӯз дар мавзеи Борбордуқи ноҳияи Лайлак аз ҷониби марзбонон ҳамроҳи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду мошини дигари Hyundai-Porter боздошт шуд. Ронандагони онҳо: шаҳрвандони Қирғизистон Р.Т. ва Ш.М., соли таваллуди ҳардуяш 1988, мехостанд бо роҳҳои қочоқӣ ва бидуни ҳуҷҷат аз Тоҷикистон рег ва блокҳои газобетонӣ биоранд.Ҳафтаи гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани қочоқи қанду лимӯ ва ҷуворимакка ба маблағи тақрибан 10 ҳазор доллар дар марзи Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлак хабар дода буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button