АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳо

Умеди «Толибон»* аз Русия барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Афғонистон

Толибон умедворанд, ки Русия дар барқарорсозии Афғонистон кумак хоҳад кардДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. «Толибон»* умедворанд, ки Русия барои барқарорсозии Афғонистон кумак хоҳад кард, дар ин бора ТАСС бо истинод ба муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати «Толибон»* дар Афғонистон Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад.Ба гуфтаи ӯ, Кобул умедвор аст, ки Федератсияи Русия дар бозсозии Афғонистон, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар даҳсолаҳои охир зарар дидааст, ширкат хоҳад кард.

«Русия як кишвари муҳим аз нигоҳи иқтисодӣ аст. Афғонистон дар рафти ҷанг хароб карда шуд, Русия ва дигар кишварҳо метавонанд барои барқарор кардани он кумак кунанд «, — гуфт намояндаи «Толибон»*.Муҷоҳид изҳори умедворӣ аз ҳамкорӣ бо ҳама давлатҳо кард ва афзуд, ки сармоягузории хориҷӣ дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон метавонад нақши бузург бозад.»Мо аз чунин кумак истиқбол мекунем ва ба дастгирии молиявӣ умедворем», — гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.Ҳамзамон, намояндаи ҷунбиш ҳамчунин афзуд, ки «Толибон»* имкон дорад, кормандони сафорати Афғонистонро аз Маскав бозхонд кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button