МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ПИРӮЗИИ ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БО АКСИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД: Ӯ БАРОЯМ ҚАҲРАМОН АСТ!(ВИДЕО)

Варзишгари ҷавони тоҷик Хаттаб (Хаттабшо) Охиров, маъруф ба “Памирский гладиатор” (“Гладиатори помирӣ”), баъди пирӯзиаш дар мусобиқаи муштҷанг (кулачные бои) дар шаҳри Одессаи Украина ба маросими ҷоизасупорӣ тоқии сабзи бадахшонӣ дар сар ва футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд дар тан ҳозир шуд. “Пирӯзиамро ба ин шери Панҷшер, ба Аҳмадшоҳи Масъуд мебахшам. Ӯ барои ман ҳамеша зинда ва ҳамеша қаҳрамон аст”, — изҳор дошт Хаттаб Охиров, ки ҳамагӣ 20 сол дорад ва тоза қадамҳои аввалашро дар арсаи варзиши касбӣ мегузорад.Дар ин авохир ин бори аввал нест, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ бо аксҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъуд ҳамраъйии худро бо тоҷикони Афғонистон ба намоиш мегузоранд.Рӯзи 11 сентябр размандаи тоҷик Шаҳбоз Мирзозода, ки дар мусобиқоти RBM “Русский Кулак” (“Мушти русӣ”) дар Санкт Петербург ғолиб омад, барои намоиши ҳамбастагиаш бо мардуми Панҷшер низ футболка бо акси Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд ва раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистонро ба тан кард. 17 сентябр размандаи ҷавони тоҷик Самандар Муродов низ пирӯзиаш дар мусобиқаи бахшида ба ёдбуди падари Ҳабиб Нурмагомедовро бо футболка бо аксҳои Аҳмадшоҳ ва Аҳмади Масъуд таҷлил кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button