Хабарҳои кӯтоҳ

ГИРЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАНГОМИ ЗИЁРАТИ МУҶАССАМАИ “ДУОИ МОДАР”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябр дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи бузург ба риққат омада, гиря кард. Дар видеое, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, дида мешавад, ки президент баъди пардабардорӣ аз муҷассама ва бори аввал дидани , вақте аз зинаҳои пояи он поён мешуд, бо дастрӯймол ашки чашмонашро пок мекунад.Хадамоти матбуоти президент гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, ин амали созандаи шоистаи таҳсин номид.”Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button