УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

Дастгир гардидани марди 38-сола бо ҷурми дуздӣ

Дастгир гардидани марди 38-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 40-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 26-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 06:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “ЛҶ”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Тасарруфи телефони мобилӣ аз дасти ноболиғ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 46-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти духтари ноболиғи 16-солааш, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-12”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 650-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button