ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Ҳалокати Бобою набера дар як садамаи вазнин дар Исфара

Рӯзи 5 октябр, соати 14 бар асари ба мошини боркаши ГАЗ-330210 бархӯрдани як мошини “Опел Зафира” дар роҳи Кучкак-Исфара-Гулистон ронандаи “Опел” -сокини 63-солаи Исфара ва набераи 10-солааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар, аз ҷумла боз як набераи сесолаи ронандаи “Опел” ҷароҳат бардоштаанд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button