АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

“Толибон” намегзорем таҳдиде аз хоки Афғонистон нисбати Эрон сурат гирад

Муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот, таъкид кард, ки ин гуруҳ иҷоза намедиҳад таҳдиде аз сӯи гурӯҳи террористии ДИИШ* алайҳи Эрон сурат бигирад

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мавлавӣ Шераҳмад Аммории Муҳоҷир, муовини волии “Толибон”* дар вилояти Ҳирот дар дидор бо мақомҳои маҳаллии Хуросони Разавӣ ва ҳамзамон бо таҳвили бастаҳои кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон дар нуқтаи сифри гузаргоҳи марзии Исломқалъа гуфт, ки “Толибон”* ба тамоми қавонини байналмилалӣ ва ҳамсоядорӣ пойбанд буда ва ҳеҷгоҳ иҷоза намедиҳад, ки афрод ва ё гуруҳҳое монанди ДИИШ* аз хоки Афғонистон алайҳи Эрон истифода кунанд.Дар ин бора иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”, дар истинод ба дафтари расонаҳои волии Ҳирот.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш устондори Хуросони Разавӣ бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ ва баррасиву ҳалли мушкилоту мавонеи транзитӣ ба Афғонистон сафар кард.

Дар идомаи раванди ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Афғонистон ва пас аз як моҳи рӯйи кор омадани ҳукумати “Толибон”*, ахиран чаҳорумин маҳмулаи эҳдоӣ дар нуқтаи сифри марзии Хуросони Разавӣ ва Ҳирот ба масъулини афғон таҳвил дода шуд.Ҳамчунин ахиран боз маҳмулаи кумакҳои башардӯстонаи Ҳилоли Аҳмари Эрон барои мардуми афғон ба Афғонистон ирсол шуд.* — гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button