МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ РАБУДАНИ ЯК ЗАН ДАСТГИР ШУДААНД

Ду марди зодаи Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1981 и 1991, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми латтукӯб ва рабудани як зани миёнсол дастгир шудаанд. Пулиси Петербург видеои лаҳзаи латтукӯб ва рабудани ин зани соли таваллудаш 1969ро нашр кардааст. Занро ба беруни шаҳр бурданӣ будаанд, вале дар роҳ бензинашон тамом мешавад ва одамрабоён барои харидани бензин ба як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ медароянд. Дар онҷо зан аз дохили мошин гурехта, дар даруни ҳоҷатхона пинҳон мешавад ва дарро аз дарун баста, ба ёрӣ даъват мекунад. Одамрабоён аввал кӯшиш кардаанд, ки дари ҳоҷатхонаро зада шикананд. Вале кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба пулис занг задаанд ва одамрабоён фирор кардаанд.Кормандони пулис ҷабрдидаро ба бемористон бурда, баъди муддати кӯтоҳе гумонбаршавандаҳоро дар хиёбони Гражданский дастгир кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button