АфғонистонДин ва боварҳо

“Қадам ба қафо”: Қатар аз “Толибон”* дилсард шуд

Боз як кишвари шарқӣ кори давлати ҷадиди Афғонистонро танқид кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Намояндаи давлати Қатар сиёсати тундгароёнаи “Толибон”*-ро маҳкум кард. Ингуна изҳоротро Муҳаммад бин Абдурраҳмон ал-Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар зимни нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният Ҷозеп Боррел баён кард.Сиёсатмадори қатарӣ гуфт, ки кишвараш вавзъи Афғонистонро бодиққат назорат дорад.»Баъзе амалҳое, ки мо чанде пеш дар Афғонистон мушоҳида кардем, боиси ноумедии мо шуд ва ин ҳам як ҷиддӣ ба ақиб мебошад», — гуфт дипломат.Вазири умури хориҷии Қатар афзуд, ки намояндагони ин кишвар талош доранд ба “Толибон”* роҳеро нишон диҳанд, ки кишварҳои исломӣ метавонанд қонунҳои худро риоя намоянд вале ҳуқуқи занҳоро поймол накунанд.

Муҳаммад бин Абдурраҳмон ал-Сонӣ аз кишварҳои дигар даъват кард, ки аз Афғонистон рӯй нагардонанд ва ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона расонанд.Дипломати қатарӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои Афғонистон дар ҷиҳати хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишвар таъкид кард ва хостори тасҳили равобити Кобул бо шариконаш шуд.* — гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button