МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

  Найрангҳои навбатӣ дар пойгоҳи наҳзатиёни гумроҳ

  Найрангҳои навбатӣ дар пойгоҳи наҳзатиёни гумроҳ

Масъули сомонаи «Ислоҳ.нет» М.Садриддин, ки имрӯз ҷонаш дар дасти охундҳои хориҷӣ супорида шудааст, ҳар рӯзу ҳар соат барои қонеъ гардонидани корфармоён ҷаҳду талош менамояд. Аз он ҳама масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои матраҳ намуда аён мегардад, ки пайваста шабу рӯз дар фикри мансаб, пулу мол ва пайса дигар ҳарфу назаре  надорад. Аз кутоҳназарии  як ҷисми манфур,  чун сагони дайду баҳри устухон худро ба ҳар сӯй мезананд.                                М.Садриддин як наҳзатии оқипадари гумроҳи хиёнаткор, ки то имрӯз барои тоҷику Тоҷикистон ғайр аз тӯҳмату бӯҳтон коре накардааст, ва пайваста кӯшиш менамояд ин сарзамин парешону ноором бошад ва ҳамаи ҳарфу суханаш бар зидди ободиву осудагии  тоҷикон аст, ҳақи аз номи миллати тоҷик сухан гуфтан надорад. Чӣ М.Садриддин чӣ Кабирӣ якояки  наҳзатиён дар ҳар куҷо аз намояндагони худ, ки бо ҷурми  содир намудани ҷиноятҳои гуногун ва хиёнат ба ватан аз қабили М.Ҳайит муовини раиси ҲНИТ,Зайд Сайид, раиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав” ва Бузургмеҳр Ёров, адвокати мустақили тоҷик, ки пеш аз содир намудани ҷиноят андеша накарданд то СММ муроҷиат намуда, озодии онҳоро талаб менамоянд. Чун сарҳои тиҳӣ аз мағзашон, ки қобилияти андешакардан надоранд ва мутаваҷеҳи рафторҳои худ нагардиданд  бо чунин натиҷаҳо анҷом мепазирад.Ё ин ки ин гурӯҳаки гумроҳон гумон кардаанд, ки чун дар ватани хоҷагонашон бесару сомонӣ асту ҳар коре, ки хоста бошанд анҷом медиҳанд.                                                Наҳзатиҳо то имрӯз бояд аз олами тахаюлоти худ берун оянд вагар на дониста бошанд, ки  ҷумҳурии мо, Тоҷикистони солҳои навадум нест. Кабириро бо ҷамъи рафиқону пайвандонаш як бор аз ҷониби давлату ҳукумат бахшиданд, ки ба қадраш нарасид. Маҳз ҳамин чашми тангу гуруснаи носери наҳзатиҳо сабаб шуд, ки бори дувум хиёнат карданд.Бар он чи доштанд қаноат накарданд, ҳирс боло гирифт, ки то имрӯз шабу рӯз аз паи ҳисоби маблағҳои ояндаву раванда буҷети давлат ва боигарии корхонаву заводҳои Тоҷикистон ҳисоб менамоянд. Ҳарчанд ба ҳар дар сар халонда бо роҳи гадоӣ то Аврупову Африқо ҷор занед ҳам ҳарфу назари шумо махлуқони наҳзатии хоинони фурухташуда ҳеҷ қурбу манзалате надорад ва нахоҳад дошт.    

                                                                  Гурдофариди Даврон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button