Сиёсат

4-уми сентябр рӯзи хиёнати даҳшатбори наҳзатиён!

Тавре ба ҳамагон маълум аст 4-уми сентябри соли 2015 роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ М.Кабирӣ кушиши табаддулоти давлатӣ ташкил карданро намуд. Ӯ бо маблағгузории хоҷагони хориҷиаш, ки 1млн 200 000 долари ИМА-ро ташкил медод, тавассути Муовини Вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Назарзода Ҳалим ба як хиёнати бузурги нобахшиданӣ даст зад. Н.Ҳалим бо супориши Кабирии хоин ва хоҷагони хориҷиашон афсарони ноогоҳро фирефтаи худ сохта, аз анборҳои Вазорати мудофиа яроқу таҷҳизотҳои ҷангиро ситонида, кушиш намуданд, ки иншоотҳои муҳими давлатиро ғасб намоянд. Бар асари ин хиёнати онҳо як қатор афсарону аскарони ҷонфидои Ватан ҷон бохтанд, ки ба доми фиреби ин наҳзатиёни хунхор афтида буданд.4-уми сентябри ҳамон сол баъд аз оне, ки мақомоти кишвар аз сенарияи хиёнаткоронаи онҳо огаҳ шуданд, Назарзода Ҳалим бо аскарони фиребхурда ҷониби дараи Ромит фирор намуданд, ки дар натиҷаи амалиётҳои мақомоти кудратӣ безарар гардонида шуда, боқимондаҳояшон дастир гардиданд. Баъд аз бозпурсии баъзе аз аъзоёни наҳзат, ки дар ин табаддулот ширкат доштанд маълум гардид, ки Назарзода Ҳалим маҳз бо дастгирӣ, маблағгузорӣ ва бо супориши Кабирӣ ва хоҷагони хориҷии ӯ кушиши табаддулоти давлатӣ ташкил карданро кардааст. Дар натиҷаи ошкор гардидани нияту нақшаҳои зиддимиллӣ, террористӣ-экстремистӣ, ҷиноятӣ ва палидонаи наҳзатиён роҳбари онҳо Муҳиддин Кабирӣ ва як қатор ҳаммаслаконаш аз ҷавоб ва ҷазои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди қонун ба кишварҳои хориҷӣ фирор намуда, дар қаноти хоҷагони хориҷиашон панаҳ бурданд. 4-уми сентябри соли 2015 рӯзе аст, ки парда аз рӯи манфур ва ҷиноятпешаву хиёнаткоронаи Кабирӣ ва дору дастааш афтид. Ин рӯзе аст, ки ҳизби наҳзат ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон ҳамчун ҳизби табаддулотгару хунхор, мардумфиребу хоини миллату давлати хеш муаррифӣ гардид. Рӯзе аст, ки баъд аз нооромии солҳои 90-уми асри гузаштаашон дувумин хиёнати онҳо ба ҳисоб меравад, ки солиёни дароз дар пайи тарҳрезӣ ва амалӣ намудани он бо хоҷагони хориҷиашон буданд. Рӯзе аст, ки табаддулотгарони наҳзатӣ дигарбора кушиши халалдор намудани вазъияти осоиштаи кишвар ва мардумро карданд. Рӯзи аҷом додани ваъдаҳое буд, ки Кабирӣ ба хоҷагони хориҷиаш дер боз дода буд. Рӯзе аст, ки Кабирӣ барои анҷом додани ин амали террористӣ миллионҳо долари ИМА-ро аз хоҷагони хориҷиаш гирифта буд. Рӯзе аст, ки мардуми Тоҷикистон душманони худро дигарбора шинохту ба сарамон хушбахтии дучанд овард.Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки саркардаи наҳзатӣ ҳоло барои рӯйпуш намудани ин ҷинояту кирдори номатлубаш ва фаъолияти даҳшатбори зиддибашарии ташкилоти террористӣ-экстремистии собиҳ ҳизби наҳзати исломиаш ивази ном карду ба муборизаи иттилоотӣ рӯ овард. Ва барои фиреби мардуми Тоҷикистон ва барои боқи мондан дар кишварҳои Аврупо идеологияи исломӣ-террористиашро пинҳон карду ба ташкили ниҳоди дунявие даст зад, ки ном дорад “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки дар асл Паймони зиддимиллӣ аст. Зеро кишварҳои аврупоӣ чунин як ҳизберо, ки ба фаъолияти тахрибиву террористӣ ва таҳти идораи кишвари исломӣ қарор дорад роҳ намедиҳанд. Ин аст, ки барои фиреби онон пайваста ба ташкили зерсохтору ниҳодҳои дунявӣ пардохтаанд.Инак 5 сол мешавад, ки хушбахтона фаъолияти террористони наҳзатӣ мамнуъ эълон гардиду безарар гардонида шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо далелҳои исботкунанда ин ҳизби исломии мардумфиребро ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуд. Умед аст, ки тоҷикистониён дигар фирефтаи “сиёсати” “ғамхорона”-и роҳбар ва аъзоёни ин ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ намегарданд. Ва ба ҳеҷ матолиби нашр гардидаи онҳо дар фазои маҷозӣ бовар намекунанд ва фирефта намегарданд. Чунки дар дилу рагҳои хунгарди онҳо алакай ақидаҳои даҳшатбори зиддитоҷикӣ мегардад, ки ҳаррӯза кушиши онро мекунанд, ки бо роҳи фиреб боварии мардумро ба даст оранд. Аммо саҳифаҳои таърих гувоҳи он аст, ки Кабирӣ бо дору дастааш ба ҷуз душмани хунхори миллату давлати Тоҷикистон каси дигаре нест.Фирдавс Каримов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button