СиёсатХабарҳои кӯтоҳ

«Паймони милли Тоҷикистон» ин ҳамон ташкилоти террористӣ- экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аст!

«Паймони милли Тоҷикистон» ин ҳамон ташкилоти террористӣ- экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аст!«Паймони миллии Тоҷикистон» моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое чун, «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ, таъсис ёфтааст. Аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва амниятӣ бар ин назаранд, ки ташкилоти террористӣ экстремистӣ собиқ Ҳизбӣ наҳзати ислом бо иқдоми ташкили паймони нав ба мисли найрангҳои солҳои навадум азм дорад амалҳои тахрибкорона ва террористиву экстремистияшро зери ниқоби ин “паймон” амалӣ созад. Вале, мусаллам аст, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» ин ҳамон ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзатӣ ислом бо номи дигар аст. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро низ дар Тоҷикистон мамнуъ ва онро ташкилоти террористӣ-эстремистӣ эълон намуд. Таъсиси “Паймони миллӣ”-и мухолифини кишвар дар он аст, ки мардумро бо дасисаву ниятҳои нопоку хоинона, ғасбу аз худ намудани арзишҳои миллии як миллат фирефта, бо нигориши хостори Истиқлолияти таърихии худ ҳамчун ватандӯсти асили ин марзу бум баромад кунанд, дар назди хоҷагони хориҷии худ миллатдӯстию адолатпешагӣ, содиқ ба ин марзу бум буданро нишон диҳанд ва он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё “Паймони миллӣ”-ро ба миллати тоҷик мекунанд. Ин “Паймон” ба хоҷагони хориҷист, ки бо маблағгузории онҳо дар хориҷи кишвар бе меҳнати даст зиндагӣ доранд. Муҳиддин Кабирӣ роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ башардӯст, амалҳояш сиёсати сафову ормонидошта, паймонкор, ҳалкунандаи мушкилоти башар ва ҷомеаи мусалмон намудор мекунад. Аммо дар асл ӯ бо амалҳои дурӯягиву маккорӣ, ҳилагариву дасисакорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ном баровардааст. Мақсад аз ташкил намудани «Паймон миллӣ» ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ин аст, ки худро намояндаи насли нав ва сиёсатмадори боақл вонамуд намуда, худро муаррифӣ ва барои ҷалби таваҷҷуҳи Ғарб ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ аз омилҳои асоси демократӣ дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳон суханрони намуда бо лаҷҳни хунхори худ аз хоҷагони хориҷиаш маблағ талаб менамояд. Дар асл пойбанди ҳамон мафкураи куҳнаи наҳзатӣ буда, сидқан аз гурӯҳҳои исломии ифротӣ, ки ислом баҳри онҳо манфиати шахсие беш нест, ҳимоят мекунад.Бояд ёдовар шуд, ки М. Кабирӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагонаш дар хонаҳои боҳашамат ва серу пур зиндагӣ дораду як умр аз боби хизмат ба ислому шаҳодат дар роҳи ислом шиорпартоӣ мекунад. Аммо «Паймони миллӣ» ва аъзоёну фаъолони он бехабарнд, ки роҳбари онҳо М. Кабирӣ гирифтори доми хоҷагон ва фирефтаи гуфтаҳои бегонагон гашта, ба хизмати эшон камар бастааст ва дар навбати худ афроди зиёдеро гумроҳ намуда, ба ин ҷода мекашад. Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзатӣ ислом, ки имрӯз “Паймони миллӣ” ҳаст, ҳамеша аз қазияҳо доман тар накарда, хушк бурун омаданӣ мешавад. Вазифаашон ҳамин аст, ки бояд ин миллату ин давлатро соате ором нагузоранд. Дар назари ақидатии онҳо ҷойгоҳи миллат холист. Ҳамеша тахрибкорӣ ва пойбанди андешаи кӯр-кӯрона ҳастанд.Ҳар як гурӯҳу созмоне, ки гароиш ба ин эътилоф дорад, бояд донад, ки ТЭТ ҲНИ ҳеҷ гоҳ барои татбиқи сохтори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва махсусан дунявӣ дар Тоҷикистон, ки дар «Паймон» ҳамчун ҳадафи аввалин омадааст, майл надорад ва ҳамоно ҳадафи аслӣ ва ниҳоии он дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳукумати исломии мебошад.Рустами Суҳроб

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button