ТОҶИКИСТОН

ҶАСАДИ МАРДИ МОҲИГИРРО АЗ ДАРЁИ КОФАРНИҲОН ПАЙДО КАРДАНД

Ҷасади як марди 33-сола сокини Душанбе, ки ахиран ҳангоми моҳидорӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуда буд, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёфта ва ба пайвандонаш супурда шуд.Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин ҳодиса 25 сентябр рух додааст. Бегоҳӣ, соати 18:00 ба қисми навбатдории КҲФ хабар доданд, ки як моҳигир дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст. мавсуф сокини шаҳри Душанбе будааст.Ғаввосони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, вале ҷустуҷӯҳо то фаро расидани торикӣ натиҷа надоданд. Субҳи рӯзи 26-уми сентябр ҷустуҷӯро аз сар гирифтанд ва билохира ҷасади моҳигирро пайдо карда,ба пайвандонаш супурданд. Маврид ба ёдоварист, ки дар зарфи 8 моҳи соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 129 нафар ғарқ шуда, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохтаанд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинони кишвар хостааст, ки эҳтиёткор бошанд ва ҳама қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button