ТОҶИКИСТОНУмумӣХабарҳои кӯтоҳ

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаи тамғаи «Лексус»

Дар ҷануби Тоҷикистон марде дар мошини рабудааш дучори садама шуда мефавтад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Як сокини 32-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар дуздии мошин гумонбар дониста мешавад.Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВКД Тоҷикистон, шаби 25 сентябр гумонбар мошини “Лексус”-и як сокини 33-солаи маҳаллиро аз назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Ҳаваскор ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.Гуфта мешавад, ки ҳангоми рондани мошини рабуда гумонбар идоракуниро аз даст додааст, ки дар натиҷа мошин чаппа мешавад.Ба иттилои манбаъ, марде, ки ба дуздии мошин гумонбар дониста мешавад, аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.н25 сентябри, 17:00356Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рӯи ин далел тафтишотро идома медиҳанд.Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон рӯзи 26-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Каримов Қурбоналӣ Бобохоновичи 36 — сола, сокини ноҳияи Ҷайҳун Тошова Ойшамоҳи шашсола пахш мекунад, ки дар беморхона ба ҳалокат расидааст.Ин ҳодиса пас аз нисфирӯзӣ дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи-Поён”, воқеъ дар километри 116-250-ум дар пайи ноуҳдабароии ронанда сар задааст.ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button