АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

МАНБАЪ: ТОЛИБОНИ ТОҶИК БАРОИ ГУЗАШТАН АЗ МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Як мақоми марзбонии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҷангҷӯёни тоҷикистонии зери назари «Толибон» мавзӯи вуруд ба хоки Тоҷикистонро матраҳ кардаанд. Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик дар ҳоли санҷиши ин маълумотанд ва ҳарчанд то куҷо ҷиддӣ будани он дақиқ нест, назорат дар марз пурзӯр карда шудааст.

«Ҳамин хел хабарҳо расид. Сарҳадбонон доим барои пешгирӣ аз чунин нақшаҳо омодаанд. Ин кор мешавад ё не, мо дар он тарафи дарё хатарро мебинем ва [ба он] омодаем,» — гуфтааст ӯ.

Чанд сокини маҳаллӣ дар Дарвози Афғонистон низ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, пас аз пирӯзии “Толибон” Маҳдӣ Арсалон ба Кобул рафта буд, вале дар як ҳафтаи охир «дубора дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвози Афғонистон пайдо шудааст». Маҳдӣ Арсалон тахаллуси Муҳаммад Шарипов, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистон аст, ки ӯро роҳбари кунунии созмони дар Тоҷикистон мамнӯи «Ансоруллоҳ» ном мебаранд.

Як мақоми собиқи амниятии Афғонистон, ки аз макони номаълум бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, шахсони боэътимоди ӯ шоҳиди машваратҳои «Толибон»-и тоҷикистонӣ ва ҷангҷӯёни қафқозӣ барои вуруд ба хоки Тоҷикистон шудаанд. «Кадом нақшае дар зеҳн доранд. Аз миёни сокинон шахсонеро мепурсанд, ки роҳҳои осони гузаштан ба хоки Тоҷикистонро медонанд,» — гуфт ӯ.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба Озодӣ гуфтааст, “касе иҷозат намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон ба хотири ба ҳамсояҳои мо зарар расонидан истифода шавад. Чунин иқдом агар касе кард, мо ҷиддӣ ба ҳар қимате бошад, ҷилави онҳоро хоҳем гирифт.”

Ин хабар дар ҳолест, ки дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон омодагиҳо ба сафари қарибулвуқӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button