СиёсатХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Ҳамлаи қирғизҳо ба хонандагони тоҷик дар Чоркӯҳ: Ду кӯдак дар беморхона бистарӣ шуд

Чанд хонандаи тоҷикро сокинони деҳаи Сомониён сангборон намуданд, ки дар натиҷа ду кӯдак бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ хонандагони тоҷик аз ҷониби чанд сокини Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.Раиси ҷамоати Чоркӯҳ Шукурхон Насриев ба Sputnik Тоҷикистон сар задани ин ҳодисаро тасдиқ намуда гуфт, ки хонандагони тоҷикро қирғизҳо сангборон намуданд.Ба гуфтаи ӯ, феълан ду кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

«Ҳодиса соатҳои 11- и 23 сентябр рух додааст. Хонандаҳои мактаби рақами 64, вақти рафтан ба хонаҳояш мавриди сангзании қирғизҳо қарор гирифтаанд», — гуфт раиси Чоркӯҳ.Ба гуфтаи , ӯ дар ин ҳодиса ҳамчунин Ҷӯрабой ном сокини 31 — солаи деҳаи сомониён ва як тифли дигар ҷароҳат бардоштанд.Манбаъ илова намуд, ки бо раисони Бодканду Оқсой вобаста ба ин ҳодиса суҳбат карда, онҳоро дар ҷараён гузошт.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё обтақсими «Головной» шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button