Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 3-юми марти соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 22-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 126 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои ӯ телефони мобилии тамғаи “Айфон-12” ва хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаҳои додаашро иҷро накарда, маблағаҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тарик ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, худро корманди мутахассиси шуъбаи заминсозӣ муаррифӣ намуда, бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои истиқоматӣ аз ӯ 88 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ ронандаи ҶДММ “Таҷеро”) ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 11-уми октябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба бовари назоратчии ҶДММ “Таҷеро”, марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз анбори ҶДММ-и мазкур маҳсулоти озуқавориро дар ҳаҷми 331 ҳазору 604 сомонӣ гирифта, ба нуқтаҳои савдо тақсим карда, маблағро насупорида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.