ТОҶИКИСТОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Се зан дар ғорати як мард айбдор мешаванд: ВУД мегӯяд, «Айфон-11»-ашро бо зӯрӣ гирифтанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз даст ба ғоратгарӣ задани се ҷавонзан дар шаҳри Душанбе хабар додаастДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Мақомоти милиса занони 20, 26 ва 33-сола, сокинони шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир кардаанд.Ба иттилои ВУД, занон дар он айбдор мешаванд, ки 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 11:20 аз рӯйи мизи корӣ дар коргоҳи «Хариду фӯруши хонаҳо», воқеъ дар шаҳри Душанбе 1 адад телефонро бо зӯрӣ гирифтаанд.

Мақомот афзуданд, телефоне, ки занон бо роҳи зӯроварӣ гирифтаанд, тамғаи «Айфон-11» буда, ба марди 42-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад.Таъкид шудааст, ки зарари расонидашуда ба ҷабрдида 11 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Назари худи айбдоршавандаҳо дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button