МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Баракатуллоҳ Ғозиев баъди дуруст 40 рӯзи ҳабс, субҳи барвақти 22 сентябр ба озодӣ баромад.

Баракатуллоҳ Ғозиев, санаи таваллудаш 18 июли соли 1986, фарзанди Эшони Қиёмиддин, воиз ва рӯҳонии маъруф дар солҳои 90, ки бо дархости мақомоти Душанбе дар ҷумҳурии Тотористони Русия дастгир шуда, аз 14 август дар боздоштгоҳи №1, воқеъ дар кӯчаи Япеев, 16, шаҳри Қазон қарор дошт, баъди дуруст 40 рӯзи ҳабс, субҳи барвақти 22 сентябр ба озодӣ баромад.Дар ин бора як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабар дод ва гуфт, Баракатуллоҳ Ғозиев субҳи барвақт, алакай вақти намози бомдод озод шуд ва ҳоло дар канори аҳли оилааш дар шаҳри Қазон қарор дорад. Ӯ дар пойтахти Тотористон ҳамроҳи зану ду фарзандаш, модараш ва ҳамчунин додараш ва ҳамсари додараш зиндагӣ мекунад.Мақомоти Тоҷикистон то кунун хабари дар Русия боздошт ва инак озод шудани ин писари 35-солаи Эшони Қиёмиддин ва парвандаи ӯро шарҳ надодаанд.Вале ба гуфтаи манбаи огоҳи “Бомдоди”, Баракатуллоҳ Ғозиевро дар Тоҷикистон бар асоси моддаҳои 189 ва 305 ба барангехтани кинаю адовати мазҳабӣ ва хиёнат ба давлат (ҷосусӣ) айбдор мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button