ТОҶИКИСТОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Табиби тоҷикро барои ба хизмати ҳарбӣ равон кардани ҷавони бемор ҷарима карданд

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як табиби тоҷикро барои ба артиш фиристодани ҷавони бемор ҷарима бастааст.

Додгоҳ рӯзи 14-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Рустам Умбатов моҳи апрели соли 2020 Парвиз Ҷалиловро, ки “сутунмуҳрааш бемор буд”, ҳамчун “фарди солим ва муносиб ба хидмати ҳарбӣ” тавсия додааст.

“Бо вуҷуди пойфишории ҷавон ба бемориаш, табиб ба гуфтаҳои ӯ эътибор надодааст. Дар натиҷа бемории ҷавон ҳангоми хидмат дар як воҳиди низомии Вазорати дифоъ авҷ гирифтааст”, — омадааст дар хабари Додгоҳи ҳарбии пойтахт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button