АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Президенти Эрон гунаҳкори вазъи имрӯзаи Афғонистонро гуфт

Президенти Эрон гунаҳкори вазъи имрӯзаи Афғонистонро гуфт

Сайид Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аз вазъи мураккаби Афғонистон гуфт.

Раисиҷумҳури Эрон масъули ташаннуҷи вазъ дар Афғонистонро давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медонад.

Ба гуфтаи Раисӣ, масъулияти вазъияти эҷодшуда дар Афғонистон куллан ба уҳдаи ИМА ва ҳамкоронаш аст. Ӯ дар хитоб ба иштирокдорони ҳамоиш, таъкид намуд, ки бояд мусоидат кард, то мардуми Афғонистон бар мушкилоташон пирӯз гарданд.

Президенти Эрон муҳим хонд, ки ҳамаи ақвоми муқими Афғонистон бояд дар ҳокимияти ояндаи кишвар иштирок кунанд.

Вай бо зикри хатари терроризм дар ҷаҳони мусоир илова намуд, ки муборизаи намоишии ИМА дар Ироқу Афғонистон вазъро мураккабтар сохт. Ӯ инчунин ИМА – ро омили нооромиҳо дар Сурия номид.

Раисӣ изҳори итминон кард, ки султагароӣ ва якаҷонибагароӣ боиси эҷоди таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳон шудаанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ин навъи бархӯрд рӯй ба таназзул овардааст.

Вай бо таъкиди он ки дахолати хориҷӣ дар Афғонистон ба бесуботӣ дар ин кишвар доман мезанад, илова намуд, ки бояд мусоидат кард, то халқи ин кишвар бар мушкилот пирӯз гарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button