УмумӣХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Синотрук», Аслонов Мирқосим Тағоевич, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар назди хонаи истиқоматиаш, дар вақти ба қафо рондан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони ноболиғ Канаев Беҳрӯз Алимардонович, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳраки Зарнисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, санаи 16-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу Сиело», Содиров Ҳикматулло Сафарбекович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён, ҳангоми ҳаракат бо сурати баланд аз самти марказии ноҳияи Кушониён ба самти шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Гагарини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур ба самти муқобили роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда, Соҳибов Нозимҷон Октамович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш бархурда, баъдан, ба қисмати пеши автомашина дучархарон, Холназаров Амиралӣ Амуралиевич, соли таваллудаш 1969, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Холназаров А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button