АфғонистонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

ИМРОН ХОН БАЪДИ БАҲСИ ТӮЛОНӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУФТУГӮРО БО ТОЛИБОН ШУРӮЪ КАРДААСТ

ИМРОН ХОН БАЪДИ БАҲСИ ТӮЛОНӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУФТУГӮРО БО ТОЛИБОН ШУРӮЪ КАРДААСТCарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи 18 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, «баъди мулоқот бо роҳбарони давлатҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе ва бахусус баъди баҳсҳои тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ман алакай гуфтугӯро бо Толибон дар масъалаи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо шурӯъ кардам.”Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 17 сентябр дар музокирот бо сарвазири Покистон Имрон Хон тавонист Имронхонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мутақоид кунад. Ин дастовард, дар сурати ҷомаи амал пӯшиданаш, албатта, ба нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшер умедҳои қавӣ мебахшад. Аз тарафи дигар, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳомии манфиатҳои тоҷикони Афғонистон низ пазируфта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button