ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошт гардидани зани 48-сола бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи майи соли 2015, бо роҳи ошкоро ва зӯроварӣ аз маркази савдои “Сафина”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониён 25-адад рулонҳои матоъи занона, ки ба зани 49-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия тааллуқ доштанд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button