АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст

Вазорати умури хориҷии Русия вазъи феълии Афғонистонро як фалокати бузург номид

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо Шабакаи аввали телеизионӣ гуфт, ки Ғарб бидуни кумаки Русия наметавонад ба ҳалли фоҷеаи Афғонистон расидагӣ кунад.“Онҳо дарк мекунанд, ки бидуни Русия бо ин фоҷеаи азим наметавон коре кард. Ин мушкил нест балки фоҷеаи густарда аст, ки дар ҷиҳати ҳаллӣ он коре карда наметавонанд”, — таъкид кард Захарова.Вазъи низомию сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар шиддат гирифт. Хусусан задухӯрди шадид миёни артиши Афғонистон ва ҷангҷӯён “Толибон” (гурӯҳи маманӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз ишғоли шаҳри Кобул аз сӯи ҷангҷӯёни “Толибон”, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон истеъфо ва кишварро тарк кард.Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?Ҷабҳаи миллӣ Ишкошимро аз тасарруфи «Толибон»* озод кардДирӯз, 18:53400435Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, хориҷи шаҳрвандони ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ тариқи фурудгоҳи Кобул комилан Афғонистонро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар ин кишвар анҷом ёфт.Дар авоили моҳи сентябр “Толибон” эълон карданд, ки бо ҷангҳо охирин вилояти Афғонистон Панҷшер таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button