Хабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

Салимпури эҳсососотӣ ва сомонаи ифротӣ

Дар замони муосири ҷаҳонишавии ифротгароӣ ва терроризмӣ ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омад. Ҳоло экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои мушкили ҷамъиятиест, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.Мутаассифона, имрӯз ҳастанд нафароне, ки омодаи зараррасониву зери ниқоби ватандӯстӣ, адолатпарварӣ твассути сармояи аҷнабиён манфиатҳои ваҳдатшиканонаро дар ҳудуди меҳани хушманзарамон пиёда карда бошанду ба ин васила номи некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Заҳмату талошҳои ҷоҳталабонаи Мирзои Салимпур айнан аз ҳамин зумра аст. Ин гуна инсонҳо ақидаҳои номатлуби худро пеш гузошта, мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯриву гумроҳӣинсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд.Имрӯз, онҳо тавассути ҳар гуна роҳҳои фитангези худ, тафаккури миллати куҳанбунёди тоҷикро заҳролуд сохтанӣ ҳастанд. Мирзои Салимпур бо нашри матолиби иғвоангез, таҳқиркунанда, носаҳеҳ, ба таблиғи гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва мафиатхоҳ, ифротиву тахрибкор маъруфтият пайдо намудааст.Дар ҳеҷ маводи номбурда заррае аз риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва билохира касбиву ахлоқии фаъолияти журналистиро нахоҳед диду пайдо кард. Ҳар як маводи сомона бо ҳадаф нашр мешавад. Аз ин рӯ, ҳеҷ хабаре ё маводеро наметавон пайдо кард, ки манофеи ин ё он гурӯҳҳоро ҳимоят накунад. Дар бештари мақолаҳо роҳбарони ин ё он сохторҳову идораҳоро беибо ва носанҷидаву дақиқ нокарда зери тозиёнаи танқид қарор мегиранд ва бо ҳарфҳои қабеҳу носазо нигошта мешаванд. Ҳар як матлабҳояш аз нуктаи аввал то ҳарфи охир ваҳмангезу болохонадор ва то андозае пучу бемаъностанд.Дар ин ҳангом, бародари Салимпур баёнияеро нашр кард, ки аз рӯи он хулоса мегардад, бародарашро оқ кардааст. Баъдан устодаш Додоҷони Атовулло низ ӯро оқ намуд.Аз амалҳои ноҷавонмардонаи Мирзои Салимпур кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса фейсбук ба танг омада, ҳамарӯза ӯро санг мезананд. Аз ҷумла, сардабири рӯзнома “СССР” Сайёфи Мизроб аз ӯ интиқод карда менигорад: “Мо (яъне журналистон дар назар аст!) бояд манофеи ватанро ҳифз кунем, накардӣ. Пас ин ҷо косаест, зери нимкоса.” Ва дигарон низ менигоранд: “Оқи бародару оқи устод”, “Оқи халқ ҳам шавад”, “Вой ба ҳоли ин нохалаф” ва ғайраҳо.Ин сару садоҳо гувоҳи онанд, ки Мирзои Салимпур дигар журналист нест. Ӯ як лӯхтакест, ки дар саҳнаҳои театрӣ аз рӯйи намоишномаҳои эҷодкардаи хоҷагони хориҷиаш мебозаду мерақсад.Шояд Салимпур дигар медонад, ки ба ин миллат лозим нест ва манфиат ҳам расондида наметавонад. Аз ин рӯ, “ҳарчи бодо бод”-ро шиор сухта, бар сари мафкураи солими мардуми тоҷик бо аспи носолим тозидан мехоҳад.Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои таѓрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд. Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки имрӯз нигаҳдошти мазҳаб ва ваҳдати динӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон аз нуқтаи назари ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, фарҳангӣ ва амният таҳкурсии муҳим ва зарурии рушд ва шукуфоии Тоҷикистони тозаистиқлоли мо мебошад.Соиб Саид,донишҷӯи соли дуюми ДТТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button