ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

М. САДРИДДИН АЗ МУСИБАТИ МАРДУМ ҲАМ МАНФИАТ МЕҶӮЯД

Муҳаммадиқболи Садриддин, муассис ва муаллифи ҳангомаҷӯи сомонаи интернетии «Ислоҳ.нет» бо дарёфти пули бедарди миён саҳифаи сомонаи худро аз хабару гузоришҳои беасосу бемантиқ нисбат ба давлату ҳукумати Тоҷикистон пур намуда истодааст. Тамоми маводу матлабҳои ин сомонаи наҳзатӣ як ҳадаф доранд. Ин ҳам бошад зиёд намудани норозигӣ ва нобоварии мардум аз давлату ҳукумат, роҳбари давлат, ташкил намудани майдоннишиниҳои эътирозӣ бо мақсади ошубу исён, хунрезӣ, тахрибкорӣ ва бо роҳи зурӣ аз худ кардани ҳокимият мебошад.Наҳзатиҳо дар тули фаъолияти расмиву ғайрирасмии худ чандин маротиба талоши анҷоми чунин амалҳоро намудаанд. Солҳои 1990-1992-ум бадтарини солҳо барои миллати тоҷик дар таърих сабт шудааст. Зеро дар ин солҳо наҳзатиҳои ифротии ваҳобӣ аз мавҷудияти худ дарак дода, бо мақсади барҳам задани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои шаҳри Душанбе мардумро аз гӯшаву канони кишвар ҷамъ оварда, намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумат таш кил намуданд. Ба монанди даъвоҳои имрӯзаашон табадулоти давлат ва истеъфои роҳбари давлатро талаб намуданд. Ин амалҳои онҳо боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки акнун соҳибихтиёрии худро ба даст оварда буд, ба оташи ҷанги бародаркӯш кашида шуд.Ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта барои тамоми мардуми Тоҷикистон сабақ шуд, аммо на барои наҳзатиҳо. Ҷинояткорон ва гунаҳкорони асосии ин фоҷеаи миллати тоҷик бе ҷазо ва дар озодӣ монданд, гарчанде ҳазорон-ҳазор аз пайравони онҳо сарсону саргардон ва беҳтарин ҷигарбандони худро аз даст доданд. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ наҳзатиҳо ба Ватан баргаштанд, ба ҳукумат пайвастанд, нофаҳмиҳо паси сар шуд, ба ҷанги бародаркӯш хотима дода шуд, мардум баҳри ободии Ватан заҳмати зиёд кашиданд. Тоҷикистон пайваста рушд кард. Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ пас аз даргузашти С. А. Нурӣ, ки ба идораи Муҳиддин Кабирӣ ва тими ӯ гузашта буд, дубора дари пайи ба даст овардани ҳокимият, нақшаҳои худро бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон тарҳрезӣ намуданд. Ошуби бе барори Н. Ҳалим дар соли 2015 аз он шаҳодат медиҳад.Имрӯз ҳам наҳзатиҳо дар пайи иҷрои ҳамон накшаву ҳадафҳои худ аз тамоми иконоти худ истифода доранд. Таблиғгарони сомонаҳои наҳзатӣ бо баҳонаи ину он, давлат ҳукуматро бадном намуда, мехоҳанд бо истифода аз мардум, яъне шуронидан бар зидди давлат ба максадҳои шуми ифлоси худ бирасанд. Яке аз сомонаҳои наҳзатӣ, ки чунин вазифаро иҷро дорад, ин сомонаи «Ислоҳ.нет» мебошад. Барои М. Садриддин, муассиси он ягона баҳона намонд, ки давлату ҳукуматро бадном насохта бошад. Ду се моҳи охир, баҳонаи бадномсозӣ ва иғвоангезии сомонаи мазкур паҳншавии босуръати коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Дар ягон маводу матлабҳои ин бадхоҳони миллат гуфта намешавад, ки мутаасифона ин беморӣ дар саросари олам паҳн шудааст ва ҳатто кишварҳои бузурги дунё бо он ҳама манманиҳои худ сари роҳи онро гирифта натавонистааст. Аммо ҳар қадаре, ки тавоноӣ дорад, давлату Ҳукумати Тоҷикистонро барои паҳншавии он таҳқир мекунад. Ҳукумати кишварамон ҳамаи талошҳоро баҳри пешгирии ин бемории марговар карда истодааст. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар баробари кумакҳои ҳукумат ва кишварҳои дӯст, ҳар як шавҳрванди Тоҷикистон ҳам то қадри имкон ба беморону табибон дасти ёрӣ дароз дорад. Беҳтарин табибони соҳавӣ, аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Чин ба кишвар даъват шуданд. Аммо М. Садрддини наҳзатӣ ва сомонаи ӯ, мехоҳад мардумро бо хабарҳои маргумир, муҳоҷирони дармонда, беморхонаҳои пур аз бемор, гуристонҳои пур аз майит ба таҳлука андозанд. Акнун онҳо дида истодаанд, ки рӯз аз рӯз вазъият беҳтар гардида, дигар хабарҳои даҳшатафкани онҳо фоида надорад, беморон шифо ёфта аз бемористонҳо рухсат мешаванд, муҳоҷирон баргардонида шуда истодаанд, ин душмани миллат, беватан, бешараф ва беномус дар маколаи навбатиаш аз тобутҳои муҳоҷирони тоҷик, ки аз Федератсияи Руссия ҳамроҳ бо муҳоҷирон ба Тоҷикистон оварда шудаанд, хабар дода, аз он ҳангома сохтанист. Дар ин амалҳам манфиат меҷӯяд. То чанд рӯзи пеш дар гуши мардум сафсата мехонд, ки барои чӣ ҳукумат муҳоҷирон ва шаҳрвандони фавтидаашро аз хориҷ намеорад. Имрӯз ки ин корҳо анҷом дода мешавад, боз ҳам давлату ҳукумат дар назди ӯ гунаҳкор. Зарбулмасали хуби тоҷикист, ки гуфта мешавад “Саг меҷакад, корвон мегузарад”. Агар даҳони ин гуна “сагҳо”-ро бубандӣ бо ҷойи дигарашон гап мезананд. Албатта миллати тоҷик агар бо мушкили ҳам, ки бошад, ин рӯзҳои вазнинро паси сар менамояд, аммо ҳеҷ гоҳ ба душманони бегонапарвараш иҷоза намедиҳад, ки максадҳои шумашонро дар ин зарзамини сарсабзу хуррам амалӣ намоянд. Хуршед РАУПОВ, сокини ш.Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button