ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

М. Кабирӣ дар курсиҳои хоҷагони хриҷиаш роҳаттар аст

Навори навбатии саркардаи наҳзатӣ М. Кабирӣ, ки интишор гардид аз саҳнасозиву дурӯғпароканиҳои ӯ маълум мегардад, ки Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонистааст фаъолият ва натоиҷи солҳои соҳибистиқлолии кишварро бо дастовардҳои афзун ба мардуми Тоҷикистон нишон диҳад. Натиҷаи кори самарабахши Ҳукумат таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар он арзёбӣ мегардад, ки наҳзатиён хусусан М. Кабирӣ сару калобаи худро аз шиддати ғазаб гум кардаанд. Сабабаш ҳамин аст, ки иттиҳомот ва сенария ҷур карда истодаанд.Аҷабо, ба куни ифротиёни наҳзатӣ ба хусус саркардаи он М. Кабирӣ, ки худро «демократ» ва “сиёсатмадор” дар арсаи сиёсат ном мебарад, курсиҳои холии канори хоҷагони хориҷиашон чунон форидааст, ки барои ноил шудан ба он аз ҳама навъи дурӯғ ва бофтаҳо нисбат ба давлату Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии он иблисона истифода карда истодааст. Охир, курсиҳои хоҷагони хориҷӣ барои наҳзатиён, хусусан М. Кабирӣ ба васоити роҳати махсуси «бандагони солеҳи худо» муҷаҳҳаз аст. Бале, ин бешарафони наҳзатӣ имрӯз ба шакли ғайриинсонӣ ва аблаҳона талош доранд барояшон курсиҳои ифротгароии душманони миллат насиб гардад. Ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ташкили табаддулоти давлатӣ ва ҷорӣ гаштани фарҳанги бегона ягона ҳадаф ва мақсади хоҷагони хориҷии онҳо аст, ки тавассути М. Кабирӣ амалӣ кардан мехоҳанд. Ва имрӯз мо метавонем онро аз дурӯғтарошиҳои М.Кабирӣ дар баромади навбатиаш мушоҳида намоем.Афсус, ки худи хоҷагони хориҷии ӯ хоҳиши нигоҳи воқеӣ ба умқи масъаларо (дастовардҳо) надоранд, зеро ин ҳама кӯшишҳо ва иттиҳомоти М. Кабирӣ нисбат ба Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии он бенатиҷа аст. Ва медонанд, ки наҳзат ва М. Кабирӣ боз ноком ва шарманда аз иттиҳомоташ нисбат ба фаъолияти Ҳукумат ва Роҳбарияти Олии он мегардад. Ва бояд тазаккур дод, ки омили бозичаи дасти бегонагон гаштани М. Кабирӣ дар он аст, ки ин “пирамарди фиребхурда” ҳатто намедонад ватандорӣ чӣ асту миллатдӯстӣ чӣ. Ин ифротӣ қурбони «ҳай бале» ва «боракалло» — гӯиҳои хоҷагони хориҷиаш ва дигар шайтонсифатони наҳзатӣ гаштааст. Ва хело-хело ҳам душвор аст, ки ӯ аз ин роҳаш баргардаду роҳи дурӯст ва некро интихоб намояд.Фирдавс Каримов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button