МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Нотаи эътирозии Тоҷикистон ба ИМА дар мавриди изҳороти Байден. Душанбе эҳтиром хост

Нотаи эътирозии Тоҷикистон ба ИМА дар мавриди изҳороти Байден. Душанбе эҳтиром хост

Сафири ИМА дар Душанбе ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супорида шудДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 14 сентябр Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Душанберо даъват карда, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супорида шуд.Ин ниҳод мегӯяд, ёддошти эътирозӣ ба изҳороти президенти ИМА, Ҷо Байден рабт дорад, ки зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания баён дошт.Байден ахиран дар Пенсилвания зимни ҳимоят аз тасмим барои хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ва шарҳи ин ҳолат, ки бархеҳо дар талоши фирор аз «Толибон»* худро дар болу чархи ҳавопаймоҳои амрикоӣ овезон карданд, изҳор дошт, ки чунин ҳолат метавонист дар Тоҷикистон низ рух диҳад.»Агар мо дар Тоҷикистон ҳам як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии С-130-ро мебаровардему мегуфтем, ки мо ба ҳамаи онҳое, ки мо ҳамкор буданд, иҷоза медиҳем, ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо одамонро ҳамонгуна дар шасси овезон медидед», — изҳор дошта буд Байден.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо супоридани нотаи эътирозӣ ба Поммершайм таъкид намуд, ки чунин чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад.Дар ёддошт дар баробари эътироз аз суханони Байден, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои пешбурди робитаҳои судманд бо ИМА дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар баён доштаст.Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон «Толибон»* босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карданд. Бархе аз сокинони мулкӣ дар талоши фирор аз «Толибон»* худро дар чарху болҳои ҳавопаймоҳои амрикоӣ овезон намуда, ҷон доданд. Ин саҳна боиси интиқод аз мақомоти ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Аммо Байден мегӯяд, аксари сокинони ИМА аз берун овардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон истиқбол мекунанд, танҳо шеваи амалӣ кардани ин кор боиси интиқод гардид.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button