ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С-180”, Бобоёров Абдулвоҳид Қосимович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, устои таъмири воситаҳои нақлиёт, ки автомашинаи мазкур мансуб ба Қурбонов Алиҷон Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1997 буда, ба ӯ автомашинаи мазкурро барои таъмир намудан бовар карда супоридааст, бидуни доштани шаҳодатномаи ронандагӣ, бо ҳамроҳии Қулматов Шералӣ Таварович, соли таваллудаш 1974, бо автомашинаи мазкур ба ҷамоати деҳоти Норини ҳамин ноҳия омадаанд.
Сипас, ҳарду дар яке аз ошхонаҳо машрубот истеъмол намуда, дар деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Чоргул аз уҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба қуттиҳои партовпартоии канори роҳ бархӯрдаанд.
Дар натиҷа, Қулматов Ш.Т ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Мардони Қурбонзода, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Дӯстии ҳамин ноҳия аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Умаров Абдурауф Абдурасулович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Умаров А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Зокиров Асомиддин Муродалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди шахсияташ номаълумро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button