Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бо корд захмӣ намудани марди 26-сола

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ҳамин ҷамоат рафта, аз сабаби мунақишаи ба миён омада, бо корди бо худ дошта 11-маротиба ба аъзои бадани охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 32 ва қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button