ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Путин ба Раҳмон: Тоҷикистон бомуваффақият пеш меравад

Владимир Путин ба роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди истиқлоли Тоҷикистон барқияи табрикотӣ равон кард  Владимир Путин, роҳбари Русия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барқияи табрикотӣ фиристод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.Владимир Путин мардуми тоҷикро бо иди давлатӣ — 30 -умин солгарди эълони Истиқлолият табрик кард.»Кишвари шумо дар роҳи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бомуваффақият пеш меравад ва дар ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши созанда дорад», — гуфта шудааст дар барқияи Путин.Раҳбари Русия ҳамчунин қайд кард, ки ба муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкории стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳад.

Владимир Путин изҳори итминон кард, ки талошҳои муштарак рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун, инчунин ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, СПАД, СҲШ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба таъмин хоҳанд кард.»Ин ба манфиатҳои халқҳои дӯсти мо комилан ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳ, амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунад», -омадааст дар барқияи роҳбари Русия.Владимир Путин, инчунин ба Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ ва муваффақият ва ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button