Хабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

Тирпарронии Толибон барои пароканда кардани тазоҳуроти зидди Покистон дар Кобул

Шоҳидон гуфтанд, Толибон* ба сӯи тазоҳургарони зидди Покистон тирандозӣ кардандДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Толибон* дар шаҳри Кобул алайҳи эътирозгарони зидди Покистон оташ кушоданд. Дар ин бора як шоҳиди ҳол ба РИА Новости хабар додааст.Дар бораи қурбониён гузориш дода нашудааст.Тазоҳурот дар пойтахти Афғонистон пас аз боздиди раҳбари хадамоти иктишофии байниидоравии Покистон Файз Ҳамид бо даъвати Толибон*, баргузор шуд.Яке аз эътирозгарон гуфт, онҳо тазоҳуротро аз шимоли Кобул оғоз карда, то сафорати Покистон расиданд.

Пештар намояндаи Толибон* Забиуллоҳ Муҷоҳид аз аҳолии Афғонистон даъват кард, ки аз тазоҳурот худдорӣ кунанд, чун кишвар тоза «аз буҳрон берун шудааст».Ёдрас мешавем, ки моҳи август дар заминаи баровардани низомиёни Амрико Толибон* ҳамаи шаҳрҳои калон ва гузаргоҳҳои сарҳадиро ишғол карда, аз анҷоми ҷанги бистсола эълон карданд.Ягона вилояте, ки зери таъсири Толибон* набуд, Панҷшер аст.Дар ин минтақа — таҳти роҳбарии фармондеҳи ҷавон Аҳмад Масъуд — нерӯҳои муқовимат мустақар шуд.

Ҳам Толибон* ва ҳам Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз муваффақиятҳои худ хабар медиҳанд.* ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо манъ карда шудааст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button